Эҳзори сафири Амрико дар Анкара ба Вазорати умури хориҷаи Туркия
https://parstoday.ir/tg/news/world-i47972
Вазорати умури хориҷаи Туркия сафири Амрико дар Анкараро эҳзор кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Октябр 30, 2019 20:44 Asia/Dushanbe
  • Эҳзори сафири Амрико дар Анкара ба Вазорати умури хориҷаи Туркия

Вазорати умури хориҷаи Туркия сафири Амрико дар Анкараро эҳзор кард.

Вазорати умури хориҷаи Туркия имрӯз (чоршанбе) Дэвид Соттерфилд, сафири Амрико дар Анкараро дар вокуниш ба қатъномаи Маҷлиси намояндагони Амрико мабнӣ бар таҳрими зидди Туркия эҳзор кард.

Маҷлиси намояндагони Амрико дирӯз сешанбе дар вокуниш ба таҷовузи Туркия ба шимоли Сурия, ба ду қатъномаи зиддитуркӣ раъйи мусбат дод.

Маҷлиси намояндагони Амрико ибтидо дар як раъйгирӣ куштори арманиҳо аз сӯи императории Усмонӣ дар соли 1915-ро ба унвони "наслкушӣ" ба расмият шинохт.