Октябр 31, 2019 17:28 Asia/Dushanbe
  • Поёни нишасти вазирони дифои ИДМ дар Боку

Иҷлоси вазирони дифои кишварҳои Иттиҳоди Давлаҳои Мустақил (ИДМ ё Ҳамсуд) имрӯз (панҷшанбе) дар Боку, пойтахти ҷумҳурии Озарбойҷон\ поён ёфт.

Ба гузориши хабаргузории Форс, дар ин нишаст вазирони дифои ҷумҳурии Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон ҳузур доштанд.

Дар қолаби ҷаласаи муштарак масоили ҳамкории ҳамаҷонибаи низомиёни кишварҳои узви ИДМ, мавриди баррасӣ қарор гирифт ва гузоришот дар бораи муқобила бо ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин дар қолаби мубориза бо терроризм дар Сурия ва идомаи мушорикати илмӣ баррасӣ шуд.

Вазирони дифои Иттиҳоди Давлаҳои Мустақил (ИДМ ё Ҳамсуд) зимни таъкид бар идомаи тақвияти равобити ситодҳои кулли нируҳои мусаллаҳи ИДМ тибқи манофеи миллии кишварҳои узв, барои баровардани ин ҳадаф барномаи ҳамкории низомии Иттиҳоди Давлаҳои Мустақил (ИДМ ё Ҳамсуд) то соли 2025-ро тасвиб карданд.

Вазирони дифои Иттиҳоди Давлаҳои Мустақил (ИДМ ё Ҳамсуд) ҳамчунин бар лузуми тақвияти зарфияти муқобила бо таҳдидот ва чолишҳо таъкид карданд.

 

Барчасп