Ноябр 02, 2019 14:44 Asia/Dushanbe
  • Баррасии 10 санад дар нишасти нахуствазирони Созмони Шанхай

Нахуствазирони кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай дар нишасти ин Созмон дар шаҳри Тошкант беш аз 10 санадро баррасӣ мекунанд.

Нишасти Шӯрои нахуствазирони кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай рӯзҳои 1 ва 2 ноябр дар шаҳри Тошкант баргузор мешавад.

Беш аз 10 санад дар дастури кори ин нишаст қарор дорад.

Дар ин нишаст иқдомҳои таъмиқи ҳамкориҳои мутақобил байни кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай дар заминаҳои иқтисодӣ ва бозаргонӣ ва сармоягузорӣ мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.

Илова бар ин , дар чорчуби нишасти дидорҳои дуҷонибаи ҳайатҳои ширкаткунанда анҷом хоҳад гирифт.

Санадҳои Шӯрои нахуствазирони кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай аз 28 то 31 октиябр дар кумитаи иҷроии сохтори зиди терорризми минтақаии Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Тошкант ҳамоҳанг шудааст

Созмони ҳамкории Шанхай як Созмони байналмилаллии байни давлатӣ аст ,ки дар санаи 15 июни соли 2001 милодӣ дар Шанхайи Чин аз суи Қазоқистон Чин Қирғизистон , Русия , Тоҷикистон ва Узбакистон таъсис шудааст.

Дар нишасти Созмон ,ки рӯзҳои 8 ва 9 июни соли 2017 милодӣ дар шаҳри Остона пойтахти Қазоқистон баргузор шуд , Ҳиндустон ва Покистон узви доими Созмони ҳамкории Шанхай шуданд.

Ҷумҳурии исломии Эрон , Афғонистон , Муғулистон ва Беларусия аъзои нозири ин Созмон ҳастанд.

Туркия, Шри Ланка, Арманистон , Озарбойҷон , Непол ва Комбуҷ шарики гуфтугу бо ин Созмон ҳастанд.