Паёмбар (с) дар шеъри Форсӣ ; рӯи онтени телевезиони Бангладеш
(last modified Sat, 02 Nov 2019 10:46:33 GMT )
Ноябр 02, 2019 15:46 Asia/Dushanbe
  • Паёмбар (с) дар шеъри Форсӣ ; рӯи онтени телевезиони Бангладеш

Ба муносибати милоди Паёмбар (с) ва ҳафтаи ваҳдат , барномаи радиоӣ ва телевезионӣ бо мавзуи ҷойгоҳи Набии муккарами ислом (с) дар шеъри форсӣ дар Бангладеш пахш хоҳад шуд.

Ба нақл аз Ийко ,ба нақл аз Созмони фарҳанг ва иртибототи исломӣ ,ин барнома дар аёми ҳафтаи ваҳдат аз шабакаи радиои 71 ва шабакаи телевезионии ATN BANGLA  Бангладеш пахш хоҳад шуд.

Ҳасан Саҳат , ройзани фарҳангии кишвари Эрон дар Бангладеш дар ин бора гуфт ; Муҳаммадкозим Каҳдуӣ устоди эъзомии забони форсӣ дар шабакаи радиои мазкур ҳузур дошт ва ба ашъоре аз Саноеи Ғазнавӣ , Носири Хусрав , Низомии Ганҷавӣ , Асади Тусӣ , Саъдии Шерозӣ , Мавлавӣ , Ҳофизи Шерозӣ ва Малак Алшуарои баҳор дар бораи милоди Паёмбар (с) , Миъроҷ ,аҳамият ва ҷойгоҳи он ҳазрат ишора хоҳад кард.