Лавров:Албағдодӣ сохтаи дасти худи Амрико буд
Вазири умури хориҷаи Русия ҷумъашаб дар вокуниш ба хабари ҳалокати Абубакр Албағдодӣ саркардаи гуруҳи террористии ДИИШ гуфт, Албағдодӣ сохтаи дасти худи Амрико буд.
Ба нақл аз ИРНО, Сергей Лавров бо баёни ин ки низомиёни русӣ дар ҳоли баррасии ҳақиқатҳои моҷарои ҳалокати Албағдодӣ ҳастанд гуфт, наметавон бисёре аз матолиберо, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико матраҳ кардааст, таид кард.
Лавров афзуд, агар хабари ҳалокати Албағдодӣ саҳиҳ бошад дар воқеъ Амрико сохтаи дасти худро аз миён бурдааст.
Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико якшанбеи гузашта дар як нишасти хабарӣ муддаӣ шуд Вашингтон саркардаи гуруҳи террористии ДИИШро дар шимоли ғарби Сурия куштааст.
Буҳрон дар Сурия аз соли 2011 ва дар Ироқ аз соли 2014 бо таҳоҷуми густардаи гуруҳҳои террористии мавриди ҳимояти Арабистон, Амрико ва муттаҳидонашон барои тағйири муодилаҳои минтақа ба нафъи режими саҳюнистӣ оғоз шуд.
Артишҳои Сурия ва Ироқ ахиран бо кумакҳои мусташории Эрон ва ҳимоятҳои Русия тавонистанд парвандаи гуруҳи террористии ДИИШро дар ин ду кишвар бибанданд.