Ноябр 03, 2019 18:33 Asia/Dushanbe
  • Дархости мақоми норвежӣ барои лағви таҳримҳои зиддирусӣ

Мақоми норвежӣ ҳамзамон бо ҷашни солрӯзи озодсозии шаҳри Финмарк, хостори лағви таҳримҳои кишвараш алайҳи Русия шуд.

Ба гузориши хабаргузории Спутник, Рогнейлд Восвик, раиси Шӯрои минтақавии Финмарки Норвегия дар конфронсе бо ҳузури мақомоти Русия, ки ҳамзамон бо 75-умин соли озодсозии шаҳр баргузор шуд, хостори поён додан ба таҳримҳои Осло алайҳи Маскав шуд.

Восвик ба нақши низомии Русия дар озодсозии Финмарк аз ишғоли Олмони фашистӣ дар Ҷанги Ҷаҳонии Дуввум ишора карду гуфт: Мо русҳоро мешиносем, бо онҳо ҳамакорӣ мекунем ва дар канори онҳо ҳастем.

Ин мақоми норвежӣ афзуд, таҳримҳо алайҳи Русия шадидан ба тиҷорати Норвегия таъсири манфӣ гузошта ва ин дар ҳоле аст, ки Русия ҳеҷ осебе аз таҳримҳои Норвегия надидааст ва баръакс, иқтисоди он равнақ гирифтааст.

 

 

Барчасп