Эътирози Кобул ба рафтори нодурусти Покистон бо депломати Афғонистон
Вазорати умури хориҷаи Афғонистон ба рафтори нодурусти Покистон бо кордори Афғонистон дар Исломобод эътироз кард.
Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, Вазорати умури хориҷаи Афғонистон дар баёнияе эълом кард, Кобул маротиби нигаронии худро дар эҳзори кордори Сафорати Афғонистон дар Исломобод тавассути Созмони иттиоотии Покистон (ISI) ва рафтори нодурусти низомиёни ин созмон бо вай иброз дошта ва ин амалро хилофи мавозин ва урфи депломатик медонад.
Вазорати умури хориҷаи Афғонистон бори дигар аз ҳукумати Покистон хост равобити депломатики худро бар асоси конвансионҳои байналмиллалӣ ва урфи пазируфта шуда вифқ диҳад.
Вазорати умури хориҷаи Покистон имрӯз дар эътироз ба бадрафторӣ бо депломатҳои ин кишвар дар Афғонистон кордори сафорати ин кишвар дар Исломободро барои ироаи тавзеҳот эҳзор карда буд.
Муҳаммад Файсал сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Покистон гуфт, дар ду рӯзи гузашта кормандони Сафорати Покистон дар Кобул мавриди озору азият қарор гирифтаанд.
Дар буҳбуҳаи даргириҳо дар имтидоди марз дар вилояти Кунар дар шарқи Афғонистон дар рӯзҳои ахир танишҳо байни ду кишвар афзоиш ёфтааст.