Таъкиди дабирикулли НАТО бар идомаи ҳузури низомиёни хориҷӣ дар Афғонистон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i48231
Дабирикулли Паймони Атлантики шимолӣ (НАТО) бар идомаи ҳузури низомиёни хориҷӣ дар Афғонистон таъкид кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Ноябр 10, 2019 10:53 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди дабирикулли НАТО бар идомаи ҳузури низомиёни хориҷӣ дар Афғонистон

Дабирикулли Паймони Атлантики шимолӣ (НАТО) бар идомаи ҳузури низомиёни хориҷӣ дар Афғонистон таъкид кард.

Ба нақл аз хабаргузории Тасним, Йенс Столтенберг дар сафараш ба Олмон дар тавҷеҳи идомаи ҳузури низомии Амрико ва НАТО дар Афғонистон гуфт, то замоне,ки Толибон ба ҷанг дар ин кишвар идома диҳад низомиёни хориҷӣ дар Афғонистон боқӣ хоҳанд монд.

Дабирикулли НАТО низ пештар ҳам аз ҳузури баландмуддати низомиёни ин созмон дар Афғонистон ба баҳонаи мубориза бо терроризм хабар дода буд.

Ин изҳороти дабирикулли НАТО дар ҳолест, ки Толибон ҳамвора поёни ҷанг дар Афғонистонро машрут ба хуруҷи низомиёни хориҷӣ ба фармондеҳи Амрико аз он кишвар эълом кардааст.