Бозшумории орои интихоботии Афғонистон бо вуҷуди мухолифати бархе номзадҳо
(last modified Mon, 11 Nov 2019 08:40:51 GMT )
Ноябр 11, 2019 13:40 Asia/Dushanbe
  • Бозшумории орои интихоботии Афғонистон бо вуҷуди мухолифати бархе номзадҳо

Камиссиони мустақили интихоботи Афғонистон аз бозшумории орои интихоботи раёсат ҷумҳурӣ дар Кобул ва дигар вилоятҳо хабар дод.

Ба нақл аз ИРНО, Камиссиони мустақили интихоботи Афғонистон эълом кард, бо вуҷуди мухолифати тимҳои муҳими интихоботӣ бо раванди бозшумории орои интихоботи раёсат ҷумҳурӣ ин раванд аз якшанбе дар Кобул ва аз имрӯз низ дар дигар вилоятҳо шуруъ шуд.

Тибқи эъломи ин камиссион, орои 8 ҳазору 494 сандуқ аз маҷмуи 26 ҳазор сандуқ шумориш хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол Гулбиддин Ғубор, хабарнигори Тулуъ, ки шоҳиди бозшумории оро дар Камиссиони мустақили интихобот дар Кобул  буд гуфт, нозирони бархе тимҳои интихоботӣ дар раванди бозшуморӣ ҳузур надоштанд.

Тимҳои интихоботӣ, ки бозшумории овозҳоро таҳрим карданд, мегуянд, Камиссиони мустақили интихобот дар иқдоме хилофи қонун овози беш аз 2 ҳазору сандуқ, ки дар он ҷо аз дастгоҳи элетроникӣ (ангуштнигорӣ) истифода нашуда будро низ машмули ин раванд кардааст. Ин тимҳо ҳамчунин нигарони сарнавишти беш аз 300 ҳазор овозе ҳастанд, ки ба гуфтаи онҳо эътибор надорад.

Тимҳои интихоботии Абдуллоҳ Абдуллоҳ, Гулбиддин Ҳикматиёр, Раҳматуллоҳ Набил ва низ шурои номзадҳои интихоботи раёсат ҷумҳурӣ бозшумории овозро таҳрим карданд.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ хостори таваққуфи раванди бозшумории оро аз сӯи Камиссиони интихобот шуд ва гуфт, 2400 сандуқе, ки дар он аз дастгоҳи электроник истифода нашуд дар тули як моҳ то 45 рӯзи гузашта дар ихтиёри ҳамон касоне буд, ки тақаллуби густардаро созмондиҳӣ карданд ва дар дохили ин сандуқҳо ҳар чизе метавонад пайдо шавад.

Интихоботи раёсат ҷумҳурии Афғонистон 28 сентябр баргузор шуд ва қарор аст натиҷаи он бо ду бор таъвиқ 13 ноябр эълом шавад.