Ноябр 12, 2019 15:43 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди артиши Амрико бар идомаи ҳузури низомӣ дар ғарби Осиё

Ба рағми ваъдаҳои мукаррари Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар бораи хориҷ кардани низомиёни ин кишвар аз ғарби Осиё, бавижа Сурия ва Афғонистон, раванди авзоъ нишон медиҳад, ки Вашингтон дар ростои сиёсати зӯрмадоронаи худ қасди ҳифз ва афзоиши ҳар чи бештари нерӯҳо ва таҷҳизоти низомии худро дар ғарби Осиё дорад.

Генерал Марк Милли, раиси Ситоди муштараки артиши Амрико рӯзи якшанбе ҳузури низомии ин кишварро дар минтақаи ғарби Осиё дар ростои манофеи амнияти миллии Амрико тавсиф кард ва гуфт: Вашингтон то муддатҳо ба ин ҳузур идома хоҳад дод. 

Милли дар мусоҳиба бо шабакаи хабарии ABC гуфт: Низомиёни амрикоӣ эҳтимолан то чанд соли дигар дар Ироқ, Сурия ва Афғонистон ҳузур хоҳанд дошт. Ба гуфтаи вай ҳудуди 600 низомии амрикоӣ дар Сурия боқӣ мемонанд. Ин мақоми аршади Пентагон муддаӣ шуд, ҳузури низомии Амрико дар ғарби Осиё бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз мубаддал шудани кишварҳои минтақа ба паноҳгоҳи амни террористҳо сурат мегирад.

Таъкиди дубораи Вашингтон бар идомаи ҳузури низомӣ дар ғарби Осиё дар ҳоле аст, ки бар асоси эъломи мақомот ва мардуми кишварҳои минтақа, Амрико худ омили аслии тақвият ва густариши терроризм дар минтақа аст.

Амрико ва муттаҳидонаш дар соли 2001 бо ҳимояти густурдаи Амрико ва муттаҳидони ғарбӣ ва арабии он, аз гурӯҳҳои террористӣ, аз ҷумла ДОИШ сарнагунии давлати қонунии Сурия, нобуд кардани меҳвари муқовимат ва тағйири муодилоти минтақавӣ ба нафъи режими саҳюнистӣ оғоз шуд ва Вашингтон ҳанӯз ҳам ба ҳузури низомии ғайриқонунии худ дар шарқи Сурия ба баҳонаи ҳифозат аз майдонҳои нафтӣ идома медиҳад.

Аз сӯи дигар ҳузури низомии Амрико дар ҳавзаи Халиҷи Форс дар моҳҳои ахир пас аз лағви муофиятҳои нафтии Эрон ва ташдиди иқдомоти Амрико дар заминаи ҷилавгирӣ аз содироти нафтии Эрон ташдид шудааст. Амрико дар ростои сиёсати фишори ҳаддиаксарӣ алайҳи Эрон, на фақат таҳримҳои худро алайҳи Теҳрон беҳадду бесобиқа афзоиш дода, балки бо афзоиши ҳузури низомӣ дар Халиҷи Форс ва обҳои атрофи он, ба баҳонаи муқобила бо таҳдидоти Эрон ва низ эъзоми 3000 низомӣ ва сомонаҳои падофанди ҳавоӣ ва мушакӣ ва ҳавопаймоҳои ҷанганда ба Арабистони Саудӣ, амалан заминаи афзоиши бесуботӣ ва ноамниро дар минтақа фароҳам кардааст.

Пентагон дар ин бора иддао кард, истиқрори нерӯҳои амрикоӣ дар Арабистон метавонад қудрати боздорандагии бештареро фароҳам кунад.

Трамп дар ростои ваъдаҳои интихоботии худ чанд бор бар хурӯҷи нерӯҳои низомии Амрико аз Афғонистон ва Сурия таъкид кардааст. Бо ин ҳол бори дигар бо тағйири мавзеи худ аз идомаи ҳузури низомии ин кишвар дар ду кишвари ёдшуда хабар додааст.

Мавозеи мтаноқизи Трамп дар бораи хурӯҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон ва Сурия ва мавозеи ахири вай мабнӣ бар идомаи ҳузури низомиёни амрикоӣ дар ин ду кишвар, дар ваҳлаи нахуст ҳокӣ аз номаълум будан ва ибҳом дар аҳдоф ва иқдомоти хориҷии давлати Амрко аст ва нишон медиҳад, ки ҳанӯз ҳам дар дохили Амрико байни раисҷумҳур ва сохтори ҳокимиятӣ дар бораи ҳузури низомӣ дар Афғонистон ва Сурия ихтилоф вуҷуд дорад.

 

 

Барчасп