Пайвастани ҳудуди 230 узви ДИИШ ба давлати Афғонистон
(last modified Fri, 15 Nov 2019 12:59:52 GMT )
Ноябр 15, 2019 17:59 Asia/Dushanbe
  • Пайвастани ҳудуди 230 узви ДИИШ ба давлати Афғонистон

Вазорати дифои Афғонистон бори дигар аз пайвастани ҳудуди 230 узви гурӯҳи террористии ДИИШ ба давлати Ашраф Ғанӣ хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории “Ово”, Вазорати дифои Афғонистон дар баёнияе эълом кард, дар идомаи ҳамалоти нерӯҳои муштараки амниятӣ ва артиш алайҳи мавозеи гурӯҳи такфирии ДИИШ 229 узви ин гурӯҳи такфирӣ, аз ҷумла 51 зану 96 кӯдак дар шаҳристони Ачини вилояти Нангарҳор шаби гузашта ба давлати Афғонистон мулҳақ шуданд. Дар ин баёния омадааст, дар ин ҳамалот ҳамчунин миқодири зиёди силоҳ, муҳимоту маводи мунфаҷира ба ғанимати нерӯҳои артиш ва амнияти Афғонистон даромад.

Аз ду ҳафтаи гузашта то кунун 542 тан аз аъзои гурӯҳи террористии ДИИШ ҳамроҳ бо аъзои хонаводаҳояшон ба нерӯҳои давлатӣ пайвастаанд.