Туркия дар баробари Амрико кутоҳ наомад
Туркия таид кард бо вуҷуди таҳдиди таҳримҳои Амрико тасмим дорад аз сомонаи мушакии С-400 истифода кунад.
Ба нақл аз Спутинк, Исмоил Демир раиси дабирхонаи саноати дифоии Туркия гуфт, Анкара тасмим дорад бо вуҷуди таҳдиди Амрико ба таҳрими Туркия аз сомонаи мушакии С-400 русӣ истифода кунад.
Демир афзуд, ин сомонаи мушакӣ таҳдиде барои НАТО ба ҳисоб намеояд.
Раиси дабирхонаи саноати дифоии Туркия гуфт, Туркия ба дунболи ҳалли ихтилофот бо Амрико дар хусуси С-400 аст ва омодааст, ки сомонаи мушакии патриотро дар шароити матлуб харидорӣ ва дар канори сомонаи русӣ аз он истифода кунад.
Қарордоди таҳияи навтарин сомонаҳои падофанди ҳавоии русии С-400 Русия боиси эҷоди буҳрон дар равобит байни Туркия ва Иёлоти Муттаҳида шуд.
Иёлоти Муттаҳида хостори он шуд, ки Туркия аз ин муомила худдорӣ ва ба ҷои он сомонаҳои амрикоии патриотро харидорӣ кунад ва таҳдид кард, ки метавонад таҳвили ҳавопаймоҳои ҷангандаи Анкараро ба таъхир биандозад ва ҳатто қарордоди онҳоро лағв ва ҳамчунин аз тариқи таҳримҳо муҷозотҳоеро иҷроӣ кунад.
Бо ин ҳол Туркия аз имтиёз додан ба Амрико худдорӣ кардааст.