Ноябр 16, 2019 19:43 Asia/Dushanbe
  • Мақоми амрикоӣ кишварҳои арабиро алайҳи Эрон барангехт

Раиси Ситоди нерӯҳои ҳавоии артиши Амрико аз кишварҳои арабӣ хост ихтилофоти худро канор бигузоранд ва алайҳи Эрон муттаҳид шавад.

Ба нақл аз хабаргузории Форс, Девид Голдфин раиси Ситоди нерӯҳои ҳавоии Амрико рӯзи шанбе дар Конфронси сарони нерӯи ҳавоӣ дар Дубай имрӯз аз кишварҳои арабии ҳавзаи Халиҷи Форс хост, то ихтилофотро бартараф ва қобилиятҳои низомии худро алайҳи Эрон муттаҳид кунанд.

Вай афзуд, Вашингтон мушоҷира ва ихтилофоти мудовими Арабистони саудӣ, Имороти муттаҳидаи арабӣ, Баҳрайн ва Миср алайҳи Қатарро таҳдиде зидди талошҳо барои маҳори Эрон арзёбӣ мекунад.

Голдфин гуфт, ҳангоме, ки мушак ё як паҳподи эронӣ дар роҳ бошад замони рафъи ихтилофоти гузашта нест.

Раиси Ситоди нерӯҳои ҳавоии Амрико афзуд, ҳеҷ кишваре тамоми чизҳои мавриди ниёзро барои дифоъ аз худ надорад, аммо мо дар канори якдигар он чиро, ки барои дифои ҷамъӣ ниёз дорем хоҳем дошт.

 

Барчасп