Таъкиди Эрдуғон бар чашмпӯшӣ накардан аз сомонаи S-400
https://parstoday.ir/tg/news/world-i48450-Таъкиди_Эрдуғон_бар_чашмпӯшӣ_накардан_аз_сомонаи_s_400
Раисҷумҳури Туркия таъкид кард, ин кишвар аз сомонаи S-400-и Русия чашмпӯшӣ нахоҳад кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Ноябр 19, 2019 14:38 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Эрдуғон бар чашмпӯшӣ накардан аз сомонаи S-400

Раисҷумҳури Туркия таъкид кард, ин кишвар аз сомонаи S-400-и Русия чашмпӯшӣ нахоҳад кард.

Ба гузориши хабаргузории "Рейтерз", Раҷаб Тайиб Эрдуғон рӯзи сешанбе дар Анкара гуфт, дар дидори ахири худ бо Доналд Трамп, ҳамтои амрикоии худ таъкид кардааст, ба ҳич ваҷҳ бо чамшпӯшии комил аз сомонаи дифоии S-400 сомонаи "Патриот"-ро ҷойгузини он нахоҳад кард.

Раҷаб Тайиб Эрдуғон чаҳоршанбеи гузашта дар сафари дурӯзае ба Амрико бо ҳамтои амрикоии худ дидор карда буд.

Вашингтон борҳо Анкараро ба эъмоли таҳрим дар сурати хариди сомонаи падофанди ҳафоии S-400 аз Русия таҳдид кардааст.

Туркия то кунун бахши қобили таваҷҷуҳе аз таҷҳизоти S-400-ро аз Русия таҳвил гирифтааст.