Поёни ДИИШ дар шарқи Афғонистон
Раисҷумҳури Афғонистон поёни кори гурӯҳи террористии ДИИШ-ро дар Нангарҳор, устони шарқии ин кишвар эълом кард.
Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон эълом кард, дар пайи муборизаи муштараки низомиёни афғон саранҷом ДИИШ дар Нангарҳор нобуд шудааст. Ашраф Ғанӣ аз талоши мардуми Нангарҳор барои саркӯби ДИИШ қадрдонӣ карда афзуд, ҳамоҳангӣ ва ҳамкории муштараки мардум ва низомиёни афғон чунин дастовардҳоеро ба дунбол дорад. Раисҷумҳури Афғонистон ҳамчунин ба Вазорати дифои ин кишвар дастур дод, шибҳинизомиёни тарафдори давлати Афғонистон дар устони Нангарҳорро дар артиши Афғонистон ҷазб кунад.
ДИИШ чаҳор сол пеш устони Нангарҳорро ба унвони маркази хилофати худ дар Афғонистон таъйин кард ва бисёре аз таҳаррукоти террористии хунини худро дар ин устон анҷом дод.