Оё дар Афғонистон сафбандиҳои сиёсии нав шакл мегирад ?
(last modified Wed, 20 Nov 2019 14:56:01 GMT )
Ноябр 20, 2019 19:56 Asia/Dushanbe
  • Оё дар Афғонистон сафбандиҳои сиёсии нав шакл мегирад ?

Манобеъи хабарӣ дар Афғонистон дар ҳоле,ки ҳануз натиҷаҳои аввалияи интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар эълом нашуда, аз шаклгирии сафбандиҳои нави сиёсӣ дар ин кишвар хабар медиҳанд.

Расонаҳои Афғонистон гузориш доданд; Гулбиддин  Ҳикмарёр раҳбари Ҳизби исломӣ бо вуҷуди он,ки робитаҳи вай бо Абдулооҳ Абдуллоҳ бо чолишҳои пурсобиқа ҳамроҳ аст, ба қасри Сапедор рафт ва бо Абдуллоҳ дар бораи вазъияти кунунии интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон гуфтугу кард.

Бархе манбаъҳои хабарии дигар низ дар ин замина навиштанд; ба назар мерасад сегонанаи нави сиёсӣ шомили Абдуллоҳ Абдуллоҳ раиси иҷроии давлати Ваҳдати миллӣ ва узви аршади Ҳизби Ҷамъияти исломӣ, Гулбиддин Ҳикматёр раҳбари исломӣ ва аз номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ва Раҳматуллоҳ Набил раиси собиқи идораи амнияти миллӣ ва яке дигар аз номзадҳои интихоботи дар ҳоли шаклгирӣ аст. Ҷабҳае,ки дар тарафи дигари он Атто Муҳамммад Нур раиси Ҳизби Ҷамъият ва аз раҳбарони бонуфузи сиёсӣ ба ҳамроҳи теъдоде дигар аз шахсиятҳои сиёсии Афғонистон қарор доранд.

Интишори гузоришҳо бино бар эҷоди сафбандиҳои нав як рӯз пас аз он оғоз шуд,ки камисиюни интихоботи Афғонистон пас аз ду рӯз таввақуф, рӯзи якшанбе бозшумории орои интихоботи раёсати ҷумҳуриро бо вуҷуди мухолифати шуморе аз гурӯҳҳои интихоботӣ дар устонҳои ин кишвар аз сар гирифт.

Камисиюни интихоботи Афғонистон шанбешаб бо судури эъломияе бар тадовуми бозшумории оро таъкид карда буд.

Ин дар ҳолеаст,ки ҳаводорони гурӯҳи собит ва ҳамгароӣ ба раҳбарии Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар шуморе аз устонҳо аз ҷумла Қундуз, Форёб, Бағлон, Парвон, Кописо ва Панҷшер иқдом ба эътироз карда ва бозшумории ороро дар бархе аз ин устонҳо мутаввақиф карданд.

Тибқи гузориши расонаҳо, дар бархе устонҳо муътаризон бо монеъаҳои пулис рӯ ба рӯ шуда ва бархурдҳое низ байни ду тараф сурат гирифтааст.

Ҳарчанд то кунун гузоришҳои дақиқе дар мавриди бархурди пулис дар устонҳо мунташир нашуда ,аммо Ҳомид Карзай раиси ҷумҳурии собиқи Афғонистон дар иттилоияе нигаронии амиқи худро дар ин замина матраҳ кардааст.

Карзай афзуд ;нигаронии шадиди худро дар мавриди шилики пулис алайҳи муътаризон дар устонҳо,ки сабаби кушта ва захмӣ шудани теъдоде аз онҳо шуда,эълом мекунад.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ низ ахиран дар нишасти матбуотие аз Камисиюни интихобот хостори таввақуфи бозшумории оро шуд ва аз нерӯҳои амниятӣ низ хост,ки бо мардум бархурд накунанд.

Вай таъкид кард,ки нозирони гурӯҳи субот ва ҳамоҳангӣ дар раванди бозшумории оро ширкат нахоҳанд кард.

 Абдуллоҳ афзуд ; агар Камисиюн раванди бозшумории ороро мутаввақиф накунад, фурсатро барои иқдомҳои баъдии онҳо боз кардааст. Аммо вай дар мавриди иқдомҳои эҳтимолии гурӯҳи худ тавзеҳе надод.

Абдуллоҳ Камисиюни интихоботро мутаҳам кард,ки тасмим барои шуруъи дубораи раванди бозшумории орои махдуш ба хостаи гурӯҳи давлатсоз ба раҳбарии Муҳаммад Ашраф Ғанӣ гирифта шуда ва таъкид кард ; ин иқдом бо дастурамалҳои интихобот мутобиқат надоштааст.

Абдуллоҳ афзуд ; орои муътабар бар асоси иттилооти ширкати Дирмулук беш аз як миллион ва 900 ҳазор рай аст,ки ин миқдор рай, мавриди эътимод аст ва камисиюн бояд ба ҳамин омор басанда кунад.

Абдуллоҳ ҳамчунин иддаъо кард ; дар чанд устон аз нерӯҳои вижа алайҳи афроде,ки монеъи раванди бозшумории орои интихоботӣ шуда буданд, истифода шуда ва 2 нафар аз нозирони гурӯҳи субот ва ҳамоҳангӣ дар Қундуз дар ҷараёни ин рухдод кушта ва захмӣ шудаанд.

Атто Муҳаммад Нур раиси иҷроии Ҳизби Ҷамъияти исломӣ дар вокуниш ба ин мавзуъ гуфт; Абдуллоҳ ҳариси қудрат аст ва барои бақо даст ба ҳар василае хоҳад зад. Мавзуи Абдуллоҳ халқи буҳрон ва рехтани об ба осиёби душман аст.

Шоҳ Ҳусейн Муртазавӣ муовини собиқи сухангуи раёсати ҷумҳурӣ ва мушовири кунунии раиси ҷумҳурии Афғонистон ҳам дар вокуниш ба суханони Абдуллоҳ гуфт; вай дар майдон танҳо мондааст.

Муртазавӣ афзуд ; Муҳаммад Карим Халилӣ генерал Абдурашид Дӯстум ,сукути сиёсиро дар пеш гирифта ва Абдуллоҳро ҳимоят накардаанд.

Интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон,ки 28 сентиябр баргузор шуд ба далели чолишҳо дар камисиюни интихобот ва иддаъои тақалуб тавассути бархе аз гурӯҳҳо мувафақ ба эъломи натиҷаи интихобот нашудааст.