Коршиноси амрикоӣ ; нақши СИЁ дар ошуби Эрон машҳуд аст
https://parstoday.ir/tg/news/world-i48475-Коршиноси_амрикоӣ_нақши_СИЁ_дар_ошуби_Эрон_машҳуд_аст
Мудиромили Андешкдаи амрикоӣ Рон Пол мегуяд ; ошубҳо дар Эрон аз улгуе пайравӣ мекунад,кунад,ки пештар дар Ҳонг Конг ва Украин ҳам ба кор рафта аст.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Ноябр 21, 2019 11:45 Asia/Dushanbe
  • Коршиноси амрикоӣ ; нақши СИЁ дар ошуби Эрон машҳуд аст

Мудиромили Андешкдаи амрикоӣ Рон Пол мегуяд ; ошубҳо дар Эрон аз улгуе пайравӣ мекунад,кунад,ки пештар дар Ҳонг Конг ва Украин ҳам ба кор рафта аст.

 Даниел Макодомс мудиромили Андешкадаи амрикоӣ Рон Пол рӯзи сешанбе гуфт ; нооромиҳо ва ошубҳои ахир дар Эрон сирфан эътирозоте ношӣ аз афзоиши нархи сухти бензин нест,балки ошубҳое аст,ки аз улгуҳои ошнои ожонси марказии иттилооти Амрико ( СИЁ) пайравӣ мекунад.

Ба нақл аз Форс, дар ин маврид гуфт ; фикр мекунам ин навъ аз нооромӣ бештар ҳосили амалкарди маркази маъмурияти Эрон ( дар СИЁ ) аст, ки тавассути ( Доналд) Трамп роҳандозӣ шудааст. Агар ба ёд дошта бошед, порсол Майкл Деондрё масули ин кор шуд. Ӯ як афсари СИЁ аст, ба Оятуллоҳ Майк маъруф аст.

Майк Одомс бо баёни ин,ки Деондрё шахсан бо Эрон хусумат дорад ва дар гузашта ҳам барои эҷоди нооромӣ дар Эрон талош карда, дар мавриди ихтиёроти вай барои таҳақуқи ин маъмурият, гуфт ; амалан калидҳои подшоҳиро ба Ӯ додаанд ва гуфтаанд ҳар коре,ки лозим астро ба ҳар қимате ,ки шуда анҷом бидеҳ ва Эронро бесубот кун. Мо бояд ( низоми Эронро ) сарнагун кунем.

 Мушовири Рон Пол сенатори собиқи амрикоӣ дар идомаи ин мусоҳиба бо ишора ба собиқаҳои Деондриё дар нақзи ҳуқуқи башар ва роҳ андохтани нооромиӣ дар кишварҳои мухталиф, гуфт ; ҳамаи инҳо аз як улгуи мушобеҳ пайравӣ мекунанд. Ин талоши дигаре барои сарнагун кардани як давлат аст.

Вай дар идома дар посух ба ин суол,ки СИЁ читавр метавонад дар Эрон нооромӣ ва иғтишош ба роҳ биандозад, СИЁ ро дар чунин иқдомҳое аз ҷумла муҷараб тавсиф кард ва гуфт ; онҳо бо афроде,ки дар Эрон зиндагӣ мекунанд, ҳамкорӣ мекунанд.

Мак Одомс ба унвони намуна ба гурӯҳакҳои таҷзияталаб ва гурӯҳҳаки терорристии Мунофиқин ба унвони ҳамдастони Амрико ишора карда ва афзуд : маъмурони Амрико ҳастанд,ки мераванд ва ( дар Эрон ) ҳамаи чизро метарконанд ва одамро мекушанд.

Ӯ дар поён гуфт ; мо як бори дигар худамонро бо бадтарин одамҳо ҳамроҳ мекунем, фақат чун мехоҳем режиме,ки дӯст надоремро сарнагун кунем ва ин кор ҳамеша бо ошуб меанҷомад.