Ноябр 21, 2019 11:54 Asia/Dushanbe
  • Дидори раиси ҷумҳурии Туркия дар Кохи Сафед бо раиси ҷумҳурии Амрико

раиси ҷумҳурии Туркия дар Кохи Сафед бо ҳамтои худ дидор кард.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ин дидор баъд аз як моҳ пас аз ҳамлаи артиши Туркия ба курдҳои муттаҳиди Амрико дар шимоли Сурия анҷом шуд.

Ин ҳамла пас аз эъломи ақибнишинии нерӯҳои Амрико аз ин минтақа оғоз шуд.

Дидори Эрдуғон ва Трамп дар ҳоле анҷом шуд,ки Туркия дар ҳоли хариди мушакҳои С 400 аз Русия аст,ки ин низ яке дигар аз мавориди аслии ихтилофҳо миёни Амрико ва Туркия аст.

Барағми ин,ки Трамп мегуяд Ӯ ва Эрдуғон дӯстони хубе ҳастанд дидори онҳо дар ҳалли ихтилоф бар сари С 400 ва Сурия шикаст хурд.

Барчасп