Сентябр 26, 2016 19:59 Asia/Dushanbe
  • Сергей Лавров: Артиши Амрико аз Обама фармон намебарад

Вазири хориҷаи Русия гуфт, гӯё низомёни артиши Амрико, аз Обама фармон намебранд.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии шабакаи Алолам, Лавров таъкид кард, ба назари ман Ғарб, ба тааҳҳудоти худ дар қиболи Сурия пойбанд нест, ба ҳамин сабаб иҷлоси фавқулодаи Шӯрои амниятро баргузор карданд, то афкори умумиро аз ҳамлаи ҳавоии рӯзи 17 сентябр ба Сурия, мунҳариф кунанд. Ин ҳамлаи ҳавоӣ, тавассути эътилофи байналмилалӣ ба саркардагии Амрико- сурат гирифт. Вай афзуд, Маскав бар иҷрои таҳқиқоти дақиқ дар бораи чароии ҳамла ба корвони кӯмакҳои башардӯстона ба Ҳалаб дар рӯзи 19 сентябр низ пофишорӣ мекунад.

Вай ҳамчунин хотирнишон кард, ки амрикоиҳо, барои оғози иҷрои тавофуқи худ бо Русия дар бораи Сурия, шурути тоза матраҳ кардаанд.

Вай гуфт, барои мурда қаламдод кардани тавофуқ дар бораи Сурия, ҳанӯз зуд аст ва Маскав ҳамчунон ба он пойбанд аст.

 

 

Барчасп