Ноябр 22, 2019 20:57 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Русия аз ҳузури Амрико дар шимоли Сурия

Вазорати умури хориҷии Русия талошҳои Амрико барои нигаҳ доштани нерӯҳои низомияш дар Сурия барои баҳрамандӣ аз манотиқи нафтии ин кишварро маҳкум кард.

Олег Сиромолотов, муовини вазири умури хориҷии Русия рӯзи ҷумъа дар мусоҳиба бо хабаргузории русии “Спутник” аз иқдомоти Амрико дар минтақа, бавижа талош барои дастёбӣ ба захоири нафтии Сурия интиқод кард. Ин дипломати рус гуфт, фаъолиятҳои Амрико дар Сурия бояд мутаваққиф шавад ва нерӯҳои амрикоӣ бояд Сурияро тарк кунанд. Сиромолотов афзуд, чоҳҳои нафти Сурия бояд аз дастраси авомили ДИИШ хориҷ шаванд ва иқдомоти кунунии Амрико буҳрон дар ин кишвари арабиро ҳал намекунад. Муовини вазири умури хориҷии Русия дар идома тасмими Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико мабнӣ бар хориҷ сохтани нерӯҳои низомӣ аз шимоли Сурия ва нигаҳ доштани шуморе аз онҳо дар манотиқи нафтии ин кишварро маҳкум кард ва афзуд, бо иқдомоти Амрико бархе аз нерӯҳои ДИИШ бори дигар ба фаъолияти худ бозгаштанд ва барои минтақа хатарсоз мешаванд.

Русия ҳамвора ҳадафи ҳузури низомии Амрико дар шимоли Сурияро бо ҳадафи ғорати манобеи нафтии ин кишвар медонад.

 

Барчасп