Ноябр 24, 2019 11:27 Asia/Dushanbe
  • Аруси покистонӣ ба ҷои тилло ба худаш помидор овехт

Аруси покистонӣ дар эътироз ба гаронии нархи помидор дар иқдоме аҷиб ба ҷои тилло ва ҷавоҳирот аз помидор истифода кард.

Ба нақл аз Интихоб, иқдоми аҷиби ин аруси покистонӣ дар ҳолест, ки нархи помидор дар ин кишвар ба тарзи бесобиқае афзоиш ёфтааст.

Аруси ҷавони покистонӣ, ки ба ҷои гушвора ва гардановез ва тазйиноти муи сар аз помидор истифода карда кушиш кардааст бо ин рафтори худ таваҷҷуҳи расонаҳоро ба нархи болои помидор ҷалб кунад.

Филми гуфтугӯи ин аруси покистонӣ бо расонаҳои маҳаллӣ бо беш аз 32 ҳазор боздид ва ҳудуди се ҳазор лайк бисёр маҳбуб шудааст ва бисёре аз корбарон иқдоми ин духтарро ҷаззоб тавсиф кардаанд.

 

Барчасп