Сактаи дили халабони рус пас аз фуруди изтирорӣ
https://parstoday.ir/tg/news/world-i48599-Сактаи_дили_халабони_рус_пас_аз_фуруди_изтирорӣ
Халабони дувуми як ҳавопаймои мусофирбарии ширкати «Аэрофлот»-и Русия пас аз инки ба далели ҳамлаи қалбӣ дар фурудгоҳи Ростови лаби Дон-дар ҷануби ин кишвар фуруди изтирорӣ кард, даргузашт.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Ноябр 25, 2019 08:26 Asia/Dushanbe
  • Сактаи дили халабони рус пас аз фуруди изтирорӣ

Халабони дувуми як ҳавопаймои мусофирбарии ширкати «Аэрофлот»-и Русия пас аз инки ба далели ҳамлаи қалбӣ дар фурудгоҳи Ростови лаби Дон-дар ҷануби ин кишвар фуруди изтирорӣ кард, даргузашт.

 Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории ИТАР-ТАСС, ин ҳавопаймо аз фурудгоҳи Шреметево дар Москва бархост, аммо ба далели бад шудани ҳоли халабони дувум, дархости фуруди изтирорӣ кард.

Халабони дувуми ин ҳавопаймо пас аз фуруди изтирорӣ даргузашт.

 Ба ҳеҷ як аз мусофирон ва хадамаи ин ҳавопаймо осебе ворид нашуда ва таҳқиқот дар мавриди иллати дақиқи марги халабон оғоз шудааст.

 Моҳи гузашта ҳам  ҳавопаймои мусофирбарии Су-100-и Русия, ки пас аз бархостан аз фурудгоҳи шаҳри Тюмен  мотори он аз кор афтод, муваффақ ба фуруди изтирорӣ шуд.

 Ин ҳавопаймо 80 мусофир дошт, ки ҳамаи онҳо солим ба замин нишастанд.

 Моҳ қабл аз он низ фуруди изтирорӣ ва сахти ҳавопаймои мусофирбарии Боинг дар фурудгоҳи Барнаул, дар минтақаи Сибири Русия 56 осебдида барҷой гузошт.

 Ин ҳавопаймо бо 344 сарнишин аз ҷумла 10 хадама дар ҳоли нишастан бар рӯйи хати фурудгоҳ буд, ки чархҳо оташ гирифт, аммо халабон тавонист контроли ҳавопайморо ҳифз ва онро дар интиҳои хат мутаваққиф кунад.