Ноябр 25, 2019 12:58 Asia/Dushanbe
  • Тазоҳуроти исроилиҳо барои барканории Натанёҳу

Шумори зиёде аз сокинони Тел-Авив бо барпоии тазоҳурот хостори истеъфои Бинямин Натанёҳу-нахуствазири Исроил шуданд.

 Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Спутник, бисёре аз сокинони Исроил бо баргузории роҳпаймоиҳо ва тазоҳуротҳо дар Тел-Авив истеъфои нахуствазири ин режимро хостор шуданд.

Мӯътаризон алайҳи фасоди молии Натанёҳу таҷаммӯъ карданд.

 Расонаҳои ибризабон дар гузоришҳои худ овардаанд, ки ҳудуди 1500 нафар дар ин тазоҳурот ҳузур доштанд.

 Додситони кулли режими саҳюнистӣ рӯзи панҷшанбе ба таври расмӣ Бинямин Натанёҳу- нахуствазири ин режимро ба фасоди молӣ, тақаллуб ва суистифода аз боварии умумӣ муттаҳам кард.

 

Барчасп