Ноябр 26, 2019 12:20 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории бемористони амрикоӣ бо як ширкати тавлиди руймол

Бемористоне дар иёлати Миннесотаи Амрико бо ҳамкории як ширкати тавлиди руймол барои коркунон ва беморони мусулмони худ руймолҳои муносиб бо муҳити бемористон арза мекунад.

Ҳилол Иброҳим 10 сол қабл кори худро ба унвони довталаб дар бемористони Методист дар шаҳри Сент-Луис Парки Миннесота оғоз кард.

 Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз ИКНА ,вай дар ин бора гуфт: Вақте довталаби кор дар ин бемористон шудам, коркунони зани мусулмон бояд бо рукашҳо(простенҳо)и сафеди бемористон сари худро мепушонданд, чун чизи дигаре дар дастрас набуд.

 У ширкатеро бо ном «Ҳино ва ҳиҷобз» (henna and hijabs) таъсис ва панҷшенбеи гузашта нахустин маҳсулоти худро дар фурӯшгоҳи бемористон арза кард.

 Ҳилол Иброҳим дар мавриди руймолҳои тавлидии худ гуфт: Инҳо барои коркунон ва беморон муносиб аст.

Анаҳита Камерун, масъули бахши кадрҳои ин бемористон, мегӯяд: Умедворам дигарон аз иқдоми мо намуна бигиранд ва ба думболи роҳҳое барои эҷоди ҳамдилӣ дар байни коркунони худ бошанд.

 Ёдовар мешавад қарор аст пуле, ки аз фурӯши ин руймолҳо ба даст меояд, барои барномаҳои беҳдоштӣ ва омӯзишии коркунон ва беморони ин бемористон сарф шавад.