Овора шудани садҳо ҳазор нафар дар Афғонистон
Ноябр 27, 2019 12:29 Asia/Dushanbe
Созмони Милали Муттаҳид шумори оворагони ҷанг дар Афғонистон дар соли 2019-ро беш аз 370 ҳазор нафар эълом кард.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, Идораи ҳамоҳангии кӯмакҳои башардӯстона дар баёнияе эълом кард, аз оғози имсол то моҳи октябр, 375 ҳазору 800 нафар ба иллати ҷанг дар Афғонистон овора шудаанд.
Таҳаррукоти гурӯҳҳои ифротӣ ва амалиёти низомиёни ишғолгари хориҷӣ, аз ҷумлаи иллатҳои идомаи оворагии мардуми Афғонистон аст.
Оворагии мардуми Афғонистон ба иллати ҷанг дар ҳоле аст, ки ихтилофот бар сари натиҷаи интихоботи раёсатҷумҳурӣ низ хатари ташдиди буҳрон дар ин кишварро афзоиш додааст.
Дар ҳамин ҳол, Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури собиқи Афғонистон дирӯз дар бораи буҳронӣ шудани авзои ин кишвар ҳушдор дод.