Ноябр 29, 2019 19:38 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши нерӯҳои Амрико дар Афғонистон

Трамп гуфт, Амрико нерӯҳои худро дар Афғонистон коҳиш медиҳад.

Раисҷумҳури Амрико бо ҳузури ғайримунтазира дар пойгоҳи ҳавоии “Багром” гуфт, Вашингтон ба таври қобили мулоҳизае сарбозони худ дар Афғонистонро коҳиш медиҳад.

Ба гузориши ИРНА, Доналд Трамп баъд аз сафари сарзада ба Афғонистон ва ҳузур дар пойгоҳи ҳавоии “Багром”,  дар устони Парвон, дар ҷамъи сарбозон бо таъкиди муҷаддад бар коҳиши нерӯҳои Амрико дар Афғонистон изҳор дошт: Шумори нерӯҳои мо дар Афғонистон ҳамакнун дар ҳудуди ҳашт ҳазору 600 тан аст ва ин теъдод низ камтар хоҳад шуд.

Трамп агарчӣ ба шумори нерӯҳое, ки қарор аст Афғонистонро тарк кунанд ишорае накард, аммо афзуд: Мо мехоҳем то замоне, ки тавофуқ ҳифз шавад ва пирӯзии комил дар Афғонистон ба даст ояд, дар ин кишвар бимонем.

Вай бо ҳузур дар пойгоҳи низомии “Багром”, ки нерӯҳои амрикоӣ дар он ҷо мустақар ҳастанд, эълом кард, ки Амрико гуфтугӯҳои сулҳ бо Толибонро аз сар гирифта, зеро Толибон ба дунболи тавофуқ аст.

Трамп афзуд, Мо бо Толибон мулоқот мекунем ва мегӯем, ки бояд оташбас барқарор шавад. Онҳо оташбасро намехостанд, вале ҳамакнун онҳо мехоҳанд оташбас барқарор шавад.

Раисҷумҳури Амрико ҳамчунин бо Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон дар “багром” дидор кард ва ҳар ду таъкид карданд, ки агар Толибон мутааҳҳид ба як тавофуқи сулҳ бошад, бояд оташбасро қабул кунад.

Дар дидори руасои ҷумҳурии Амрико ва Афғонистон ду тараф эълом карданд, ки агар мехоҳем дар Афғонистон сулҳ барқарор шавад, бояд пойгоҳҳои террористҳо дар хориҷ аз кишвар аз байн бурда шаванд.

 Раисҷумҳури Амрико дар декабр (даймоҳ) –и соли гузашта низ ҳамзамон бо соли нави мелодӣ ба шакли ғайримунтазира ба Ироқ сафар кард то бо низомиёни амрикоии ҳозир дар ин кишвар дидор кунад. Трамп дар он сафар ба ҳамроҳи ҳамсараш Мелания аз пойгоҳи ҳавоии “Аласад” дар ғарби Бағдод боздид кард.