Ноябр 30, 2019 15:50 Asia/Dushanbe
  • Роҳандозии сайти вижаи ироаи хадамоти Ҳаҷҷи умра дар Индонезия

Як ширкати хадамоти интернетии индонезӣ сервиси вижаеро ба манзури ироаи хадамоти марбут ба Ҳаҷҷи умра роҳандозӣ кард.

Ба нақл аз ИКНА, ширкати "Токопедия" аз ширкатҳои фаъол дар бозори хадамоти индонезӣ, сервисе ба номи Токопедия Умра"- ро барои хадамотрасонӣ ва ироаи бастаҳои вижаи Ҳаҷҷи умра ба мусалмонон роҳандозӣ кард.

"Токопедия умра" бахше аз лоиҳаи "Токопедия Салом" аст, ки бо ҳадафи ироаи хадамоти муносиб бо шариати исломӣ як моҳ пеш роҳандозӣ шуд ва беш аз 70 ҳазор бозаргон ва 21 миллион маҳсулоти мухталиф ва мутанаввеъ мунтабиқ бо шариати исломиро дар бар мегирад.