Афзоиши содироти таслиҳоти Русия бо вуҷуди таҳримҳои Амрико
(last modified Sun, 01 Dec 2019 13:53:05 GMT )
Декабр 01, 2019 18:53 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши содироти таслиҳоти Русия бо вуҷуди таҳримҳои Амрико

Содироти таслиҳот ва таҷҳизоти низомии Русия ҳамчунон афзоиш меёбад ва ин дар ҳоле аст, ки ин кишвар бавижа маҷмӯаи саноеи дифоии ин кишвар барои шашумин соли мутаволӣ таҳти таҳримҳои Амрико қарор дорад.

Русия то кунун супоришҳо барои сохти таслиҳот ба маблағи 55 миллиард доллар аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон дарёфт кардааст, ки дар даҳ соли ахир рақами бесобиқае ба ҳисоб меояд.

Беш аз 700 маркази таслиҳотӣ ва санъатии зермаҷмӯаи холдинги "РусТах"  (холдинги фанновариҳои пешрафтаи Русия) дар дастёбӣ ба ин дастоварди бузурги Русия ширкат доштаанд.

Бар асоси иттилооти муассисаи таҳқиқоти масоили сулҳи Стокголм, Амрико, Русия ва Фаронса кишварҳои пешрав дар арсаи ҷаҳонии содироти таслиҳот ҳастанд ва Русия дар чанд соли ахир мақоми дуввуми ҷаҳонии фурӯши таслиҳотро ҳифз кардааст.

Дар чор соли ахир саҳми Амрико дар фурӯши таслиҳот ба кишварҳои мухталифи ҷаҳон 36 дарсад ва саҳми Русия 21 дарсад буда ва Фаронса низ наздик ба 7 дарсад бозори ҷаҳонии силоҳро дар ихтиёр доштааст.