Ниҳоӣ нашудани тасмими мақомоти Туркия барои хариди Суху-35
(last modified Tue, 03 Dec 2019 06:03:00 GMT )
Декабр 03, 2019 11:03 Asia/Dushanbe
  • Ниҳоӣ нашудани тасмими мақомоти Туркия барои хариди Суху-35

Туркия ҳануз барои хариди Суху-35 тасмим нагирифтааст.

Ба нақл аз Форс, Исмоил Демир раиси саноати дифоии Туркия мегуяд, ки ин кишвар ба диққат дар ҳоли баррасии хусусиёт ва вижагиҳои технологии ҷангандаҳои Суху-35 аст, аммо ҳануз барои суҳбат кардан дар бораи хариди онҳо тавассути Анқара зуд аст.

Демир дар ин бора тавзеҳ дод, мо дар ҳоли баррасии пешниҳоди Русия дар бораи Суху-35 ҳастем. ҳануз зуд аст бихоҳем арзёбӣ ироа диҳем, албатта Туркия технологиҳо ва таслиҳоте, ки ниёзҳояшро бартараф кунад, харидорӣ мекунад. Бо ин ҳол ҳануз зуд аст, ки бихоҳем бигуем мо Суху-35 ро мехарем.Кори сахти таҳлил ҳануз пеши руи мо қарор дорад.

Вай бо баёни ин ки Туркия феълан ба мушорикат дар барномаи тавлиди муштараки ҷангандаҳои Ф-35 идома медиҳад афзуд, ақибнишинии Туркия аз ин барнома ба нафъи дигар мушорикаткунандагон дар ин прожа нест. Мо ба гуфтугӯ барои ёфтани роҳи бурунрафт аз ин вазъият идома медиҳем. Наметавонам чизе дар бораи мавзеи тарафи амрикоӣ бигуям, аммо мо барои гуфтугӯи созанда омода ҳастем.

Давлати Амрико қасд дорад Туркияро ба далели хариди сомонаҳои падофанди мушакии С-400 аз Русия, то поёни соли 2020 ба сурати комил аз барномаи тавлиди муштараки Ф-35 канор бигузорад ва ҳатто таҳвили мобақии ҷангандаҳои харидоришударо низ таълиқ кардааст.