Афзоиши бекорӣ дар Афғонистон дар сояи ҳузури низомиёни хориҷӣ
Декабр 04, 2019 13:56 Asia/Dushanbe
Бар асоси як назарсанҷӣ, аз замони ҳузури низомиёни Амрико дар афғонистон бекорӣ дар ин кишвар рӯ ба фзоиш аст.
Ба нақл аз Тасним, назарсанҷии "Бунёди Осиё" дар 34 вилояти Афғонистон, ки рӯзи сешанбе мунташир шудааст, нишон медиҳад, ки 72 дарсади ҷавонони ин кишвар мушкили аслии худро бекорӣ эълом кардаанд.
Тибқи ин гузориш, беш аз 17 ҳазору 800 шаҳрванди Афғонистон, ки дар ин назарсанҷӣ мушорикат кардаанд гуфтанд: Мизони иштиғол дар муқоиса бо соли гузашта 50 дарсад коҳиш ёфтааст.
Маркази омори Афғонистон бекорӣ дар ин кишварро 40 дарсад эълом карда буд.