Декабр 06, 2019 20:19 Asia/Dushanbe
  • Талоши Амрико барои азсаргирии музокирот бо Толибон

Талошҳои Зулмай Халилзод, намояндаи Амрико дар умури Афғонистон барои эҳёи музокироти шикастхурда бо Толибон вориди марҳалаи тозае шудааст.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, Зулмай Халилзод рӯзи гузашта вориди Кобул шуд ва даври тозае аз дидору музокироти худ бо сарони давлати Афғонистон ва низ чеҳраҳои сиёсии ин кишварро оғоз кард.

Қарор аст Халилзод пас аз поёни дидорҳо ва музокироти худ дар Кобул, озими Доҳа шавад ва раванди тозае аз музокироти худ бо Толибонро оғоз кунад.

Намояндаи Амрико дар умури сулҳи Афғонистон бо Ашрафғанӣ, раисҷумҳурӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроии давлати ин кишвар ҳам дидор кард.

Бар асоси баёнияи дафтари матбуотии раёсати ҷумҳурии Афғонистон, Муҳаммад Ашрафғанӣ дар дидор бо Халилзод, хитоб ба вай гуфтааст, ки оташбас дар раванди сулҳ бояд ба сурати ҷиддӣ дар назар гирифта шавад.

Ҳамчунин дар ин дидор илова бар мавзӯи оташбас дар раванди сулҳи Афғонистон, махфигоҳҳои Толибон дар хориҷ аз кишвар низ мавриди табодули назар қарор гирифт.

Абдуллоҳ низ дар дидор бо Халилзод ба вай таъкид кардааст, ки коҳиши хушунатҳо бояд пешшарти музокирот бо Толибон бошад.

 Талошҳои ҷадиди Халилзод дар ҳоле аст, ки ҳамин се моҳи қабл Трамп, раисҷумҳури Амрико музокира бо Толибонро мурда ва дафншуда эълом карда буд.

Аммо Доналд Трамп дар сафари панҷшанбеи гузаштаи худ ба Кобул бори дигар аз музокирот бо Толибон сухан гуфт ва хостори пазириши оташбас аз сӯи Толибон шуд.

Толибон ҳанӯз барқарории оташбасро напазируфта ва эълом кардааст, пас аз тавофуқ бо Амрико, масъалаи оташбас дар музокирот миёни афғонҳо ҳаллу фасл хоҳад шуд.

 

Барчасп