Ташакури Трамп аз Эрон
(last modified Sun, 08 Dec 2019 06:03:58 GMT )
Декабр 08, 2019 11:03 Asia/Dushanbe
  • Ташакури Трамп аз Эрон

Раиси ҷумҳури Амрико дар навтарин пайёми твиттерии худ бо ишора ба озодии шаҳрванди амрикоӣ гуфт, ман аз Эрон ба далели музокироти мунсифона ташаккур мекунам ва умедворам мо битавонем бо Эрон тавофуқоти беҳтаре дошта бошем.

Ба нақл аз ИРНО, Доналд Трамп баъд аз озодии як шаҳрванди амрикоии маҳкум ба ҷосусӣ аз зиндони Эрон дар пайёме твиттерӣ навишт, мо метавонем бо Эрон тавофуқ кунем.

Трамп дар идома дар пайёме кинояомез ба сиёсатҳои хориҷии Обама навишт, Жао Ванг, ки дар даврони Борак Обама раиси ҷумҳури пешини Амрико боздошт шуда буд дар даврони раёсат ҷумҳурии вай озод шуд.

Майк Помпео вазири умури хориҷаи Амрико низ рӯзи шанбе бо интишори твиттҳое аз иқдоми давлати Эрон дар табодули Масъуди Сулаймонӣ бо Ванг ба унвони иқдоме созанда ёд ва ибрози хурсандӣ кард.

Бо тасвиби Шурои олии амнияти миллӣ ва ҳамкорӣ ва мувофиқати ниҳодҳои қазоӣ ва амниятии Эрон Жао Ванг шаҳрванди амрикоие, ки ба ҷурми ҷосусӣ дар ҳоли гузарондани даврони маҳкумияти худ дар Эрон буд бо рафъати исломӣ озод ва барои бозгашт ба Амрико таҳвили мақомоти Швейтсария  шуд.

Аз сӯи дигар бо  талошҳо ва пайгириҳои Вазорати умури хориҷа ва  ҳамкории ниҳодҳои амниятӣ ва қазоии Эрон буд, ки дар як фароянди депломатик бо ҳамкории давлати Швейтсария, Масъуди Сулаймонӣ устоди донишгоҳҳои Эрон, ки ба иттиҳоми беасоси давр задани таҳримҳои ғайриқонунии Амрико боздошт ва беш аз яксол дар Амрико зиндонӣ буд, озод шуд.