Декабр 08, 2019 11:27 Asia/Dushanbe
  • Русия: Амрико бо хуруҷ аз БАРҶОМ Маншури Созмони Миллалро поймолсозӣ кардааст

Намояндаи доими Русия дар созмонҳои байналмиллалии мустақар дар Вена дар Твиттер тасреҳ кард, Амрико бо хуруҷ аз БАРҶОМ ва иҷро накардани Қатъномаи 2231 Шурои амният дар ҳақиқат Маншури Созмони Миллали Муттаҳидро нақз кардааст.

Ба нақл аз хабаргузории Садо ва симо, Михаил Олиянов афзуд, Амрико Қатъномаи 2231 Шурои амнияти Созмони Миллал, ки БАРҶОМ-ро таид кардааст, иҷро намекунад ва дигаронро низ аз иҷрои он манъ мекунад.

Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико сешанбе 8 майи 2018 ба таври якҷониба бо нақзи тааҳудоти Вашингтон зейли БАРҶОМ кишварашро аз ин тавофуқи байналмиллалӣ хориҷ ва бозгашти таҳримҳои ҳастаиро эълом кард.

Ин иқдоми Трамп бо маҳкумияти густардаи дохилӣ ва байналмиллалӣ ру ба ру шудааст.

Барчасп