Ҳушдори Москва дар бораи бадшавии рӯзафзӯни робитаҳои Русия ва НАТО
https://parstoday.ir/tg/news/world-i48982
Робитаҳои Русия ва НАТО дар солҳои ахир ва ба вежа пас аз буҳрони Украина дар соли 2014 раванди пуртанишеро тай карда ва ҳар сол бар мизони таззод ва рӯёрӯии ду тараф афзуда шуда аст;масъалае, ки мӯҷиби ҳушдори мақомоти баландпояи низомии Русия шудааст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Декабр 09, 2019 17:08 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Москва дар бораи бадшавии рӯзафзӯни робитаҳои Русия ва НАТО

Робитаҳои Русия ва НАТО дар солҳои ахир ва ба вежа пас аз буҳрони Украина дар соли 2014 раванди пуртанишеро тай карда ва ҳар сол бар мизони таззод ва рӯёрӯии ду тараф афзуда шуда аст;масъалае, ки мӯҷиби ҳушдори мақомоти баландпояи низомии Русия шудааст.

Сергей Шойгу, вазири дифоъи Русия дар суханоне аз омодагии кишвараш барои ҳамкорӣ бо созмони паймони Атлантики шимолӣ-НАТО хабар дода, аммо ҳамзамон таъкид карда, ки равобит бо НАТО ҳар сол бадтар мешавад. Ба гуфта Шойгу: равобити Русия ва НАТО рӯ ба бадшавӣ аст ва ҳамкориҳои ду тараф мутаваққиф шудаанд ва ҳарсола камранг мешаванд. Солҳои қабл мо ҳамкориҳои бисёр фаъоле бо Брюссел доштем ва Русия намояндае дар НАТО дошт, аммо имрӯз ин шарикон дар канори Амрико аз бисёре аз қарордодҳо ва тавофуқномаҳо хориҷ мешаванд ва ҳавзаи амниятӣ ҳар рӯз бастатару бастатар мешавад.

Вазири дифоъи Русия ин изҳоротро танҳо чанд рӯз пас аз иҷлоси сарони НАТО дар Лондон матраҳ карда ва дар айни ҳол афзудааст, ки аз панҷ сол пеш ба ин су Москва бо НАТО равобити созандаеро думбол карда, аммо ин равобит пешрафте надоштааст. Пеш аз ин низ, Владимир Путин-раисҷумҳури Русия ҳамзамон бо барпоии иҷлоси сарони НАТО дар Лондон зимни ишора ба мушкилоти мавҷуд миёни кишвараш ва НАТО бар омодагии Москва барои ҳамкорӣ бо ин созмон таъкид карда буд. Ба гуфтаи Путин: Ба рағми рафтори «нодуруст»и НАТО бо Москва, Русия борҳо бар азм ва омодагии худ ҷиҳати ҳамкорӣ бо созмони паймони Атлантикаи шимолӣ ҷиҳати муқобила бо таҳдидҳои воқеӣ-назири терроризми байналмиллалӣ таъкид дорад.

НАТО пас аз бурузи буҳрони Украина ва афзоиши танишҳо байни Русия ва кишварҳои узви ин созмон дар шарқи Аврупо, раванди афзоиши тавон ва истиқрори густурдаи нируҳои низомии худ ба вежа дар ду ҳавзаи Балтика ва баҳри Сиёҳро суръат бахшида ва паҳлуҳои бесобиқае ба он додааст. Масъалаи дигаре, ки ҳудуди ду даҳа аст ба нигаронии амниятии Русия табдил шуда, талоши бардавоми НАТО барои пешравӣ ба сӯи Шарқ ва узвияти кишварҳои Аврупои марказӣ ва шарқӣ, кишварҳои ҳавзаи Балкан ва дар ниҳоят кишварҳои ҳамсояи Русия, монанди Украина ва Гурҷистон дар ин созмони низомии ғарбӣ аст. Русия тавсеъаи НАТО ба самти Шарқро ба унвони таҳдиде алайҳи амнияти миллии худ арзёбӣ карда ва рӯйкарди НАТО барои густариши аъзои ин паймони низомиро омили шиддатёбии танишҳо медонад. Ҳадафи аслии ин иқдом, контрол ва суст кардани ҳар чӣ бештари Русия ва эҷоди фишори физояндаи сиёсӣ ва низомӣ ба он аст. Дар айни ҳол ҳар сол масъалаи тозае бар масоили қаблӣ изофа шуда ва зиддияти Русия ва НАТО-ро шиддат бахшидааст. Аз сӯи дигар баёнияи поёнии иҷлоси сарони кишварҳои НАТО дар Лондон ва ҷиҳатгирии зиддирусии он мӯҷиби афзоиши нигаронии Москва дар бораи иқдомоти хасмонаи НАТО дар оянда шудааст. Дар ин баёния ошкоро гуфта шуда, ки иқдомоти таҳоҷумии Русия таҳдиде барои амнияти Аврупо ва Амрикои шимолӣ ба шумор меравад ва аз сӯи дигар бар муқобила бо иқдомоти он дар заминаи истиқрори мушакҳои миёнбурд дар Аврупо таъкид шудааст. Албатта дар ин баёния дар жести оштиталбона таъкид шуда, ки дар сурати иқдомоти мусбати Москва, НАТО пазирои гуфтугӯ ва эҷоди равобити созанда бо Русия хоҳад буд. Йенс Столтенберг-дабири кулли НАТО дар ин замина навишт: НАТО эътиқод ба гуфтугӯ бо Русия дорад ва мӯътақидем бояд ба самти равобити наздиктар бо Русия гом бардорем.

Ба рағми ин дар баёнияи поёнӣ, ихтилоф дар бораи Русия ва моҳияти таҳдидомези он байни сарони кишварҳои НАТО ба чашм мехӯрад. Макрон ва Ардуғон-сарони Франса ва Туркия, ки ду узви муассири ин паймон маҳсуб мешаванд бо ин масъала ба мухолифат бархостанд ва терроризмро душмани НАТО тавсиф карданд. Макрон-раисҷумҳури Франса дар паёми тветтерӣ навишт: Русия дигар душман нест. Ин кишвар ҳамчунон таҳдид аст, аммо дар бораи бархе мавзӯъот ҳанӯз шарик маҳсуб мешавад. Душмани имрӯзи мо терроризми байналмиллалӣ аст.

 Ба рағми ин гуна ибрози мухолифатҳо воқеият ин аст, ки НАТО барои асосноксозии фалсафаи вуҷудии худ, ҳамвора Русияро душман арзёбӣ карда ва ба ин баҳона иқдомоти низомии зиёде дар Аврупои шарқӣ анҷом додааст.