Декабр 10, 2019 17:28 Asia/Dushanbe
  • Мухолифат алайҳи лоиҳаи ҷанҷолии Ҳинд барои эътои шаҳрвандӣ ба паноҳандагони ғайримусалмон

Аҳзоби мухолифи давлати Ҳинд бо лоиҳаи ҷанҷолӣ барои эътои шаҳрвандӣ ба паноҳандагон мухолифат карданд.

Ба гузориши бахши урдӯии шабакаи ҷаҳонии “Саҳар”, Ҷамъияти уламои Ҳинд, Ҳизби самаҷвади ва Ҳизби кунгура аз давлати Деҳлии Нав хостанд, лоиҳаи ҷанҷолии зидди мусалмононро пас бигирад. Аҳзоби мухолифи Ҳинд мегӯянд, ин лоиҳа бахше аз сиёсатҳои BJP, ҳизби ҳоким барои ба ҳошия рондани мусалмонон аст.

Дар эътироз ба тасвиби ин лоиҳаи ҷанҷолӣ дирӯз ҳазорон нафар аз мардуми Ҳинд дар иёлатҳои Ассам, Банголи Ғарбӣ ва ҳамчунин шаҳри Деҳлии Нав тазоҳурот карданд ва алайҳи давлат шиор доданд.

Давлати Ҳинд ахиран лоиҳаи ҷанҷолии зидди мусалмононро ба парлумони ин кишвар ироа кард, ки бар асоси он, ба муҳоҷирони кишварҳои ҳамсоя, ба ғайр аз мусалмонон ҳаққи тобеият эъто хоҳад шуд. Тибқи қонуни кунунӣ, эътои шаҳрвандӣ ба муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар Ҳинд мамнӯъ аст.

 

Барчасп