Декабр 10, 2019 18:49 Asia/Dushanbe
  • Таҳдиди бомбгузорӣ дар 30 истгоҳи метро дар Маскав

Дар пайи гузориши фарди ношиносе мабнӣ бар бомбгузорӣ дар истгоҳҳои метрои Русия ҷустуҷӯҳои амниятӣ оғоз шуд.

Як манбаи хадамоти изтирории Русия ба хабаргузории ИТАР-ТАСС гуфт, фарди ношиносе гузориш дод, бомбҳое дар ҳудуди 30 истгоҳи метро дар Маскав ҷосозӣ шудааст.

Дар 28 ноябр низ паёмҳои таҳдидомезе ба додгоҳҳо, мадорис, боғчаҳои кӯдакона ва дигар таъсисот ирсол шуд, ки ҳамаи онҳо паёмҳои дурӯғин ва беасос буданд.

Дар маҷмӯъ ҳудуди 600 таъсисот бозрасӣ шуд.

Бар асоси гузориши як манбаи нерӯи интизомии Русия, ин кӯлоҳбардорон ба эҳтимоли зиёд паёмҳои таҳдидомез дар бораи ба кор гузоштани бомб дар додгоҳҳо ва дигар таъсисоти Маскавро аз Украина ирсол мекунанд.

 

Барчасп