Декабр 11, 2019 15:01 Asia/Dushanbe
  • Дархости қонунгузорони амрикоӣ барои таваққуфи омӯзиши низомӣ ба саудиҳо

Қонунгузорони ҷумҳурихоҳи Амрико, хостори таваққуфи барномаи омӯзиши низоминёни саудӣ дар Амрико шуданд.

Ин дархост дар паи тирандозии як афсари саудӣ ва қатли се низомии амрикоӣ ва маҷрӯҳ шудани се нафари дигар дар пойгоҳи ҳавоии Пенсаколаи иёлати Флорида матраҳ шуд.

Муҳаммад Ашшамронӣ, афсари 21-солаи саудӣ, яке аз чандсад донишҷӯи афсарии саудӣ аст, ки дар барномаҳои омӯзишии Пентагон ширкат кардаанд.

Рошел Роҷас, маъмури вижа мегӯяд: Мо ин амалро низ ҳаммонанди аксари мавориди тирандозиҳо бо эҳтимоли амали террористӣ баррасӣ мекунем. Акнун ҳадафи аслии мо тасдиқи ин аст, ки оё омили ҳамла ба танҳоӣ ин корро кардааст ё бахше аз як шабакаи бузург аст?

Интиқодҳое дар иртибот бо ин воқеа ва дифоъи сареи Доналд Трамп аз хонаводаи салтанатии Оли Сауд матраҳ шудааст.