Вокуниши Олмон ба ихроҷи дипломатҳояш аз Русия
(last modified Thu, 12 Dec 2019 15:49:59 GMT )
Декабр 12, 2019 20:49 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Олмон ба ихроҷи дипломатҳояш аз Русия

Давлати Олмон иқдоми мутақобили Русияро дар ихроҷи ду дипломати он кишвар аз Маскав, ғайри қобили тавҷеҳ хонд.

Ба гузориши Рейтерз, вазорати умури хориҷаи Олмон рӯзи панҷшанбе дар баёнияе зимни тарҳи ин мавзӯ, ки ихроҷи ду дипломати ин кишвар аз Русия бедалел ва фоқиди тавҷеҳ аст, афзуд, Берлин аз тасмими давлати Русия барои унсури номатлуб хондани ду дипломати олмонӣ дар Маскав мутаассиф аст.

Дар ин баёния тасреҳ шуда, ки ихроҷи ду дипломати олмонӣ аз Русия паёми иштибоҳ мефиристад ва иқдоме номуваҷаҳ аст.

Вазорати умури хориҷаи Русия имрӯз аз тасмими давлати ин кишвар барои ихроҷи ду дипломати олмонӣ аз Маскав, дар иқдоми мутақобил алайҳи ихроҷи ду дипломати рус аз Берлин хабар дод.

Давлати Олмон, авоили моҳи декабр ду корманди сафорати Русия дар Берлинро ба иттиҳоми нақши эҳтимолии онон дар қатли як шаҳрванди гурҷистонӣ ихроҷ карда буд.

Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл дар вокуниш ба ин иқдоми Олмон гуфт, иддаои ифои нақши давлати Русия дар қатле, ки дар Берлин рух дода комилан беасос аст ва ҳеҷ гумони ҷиддӣ дар хусуси дахолати Русия дар ин қатл вуҷуд надорад.

Вазорати умури хориҷаи Русия дар эътироз ба ихроҷи дипломатҳои рус аз Олмон, илова бар иқдоми мутақобил, Геза Андреас фон Гайр, сафири ин кишвар дар Маскавро эҳзор кард.