Декабр 13, 2019 17:23 Asia/Dushanbe
  • Сабти иқомати хориҷиҳо дар Русия осонтар мешавад

Хориҷиҳое, ки дар Русия милку амлок дошта бошанд, метавонанд иқомати меҳмонони хориҷии худро ба сабт бирасонанд.

Ба гузориши “Спутник”, ибтикори осонсозии сабти иқомати хориҷиён дар Русия ба манзури густариши маҳофили шаҳрвандони хориҷӣ матраҳ шудааст.

Бо иҷрои ин тарҳ, замина барои ҷазби гардишгарон ба Русия афзоиш меёбад.

Чигунагии сабти иқомати шаҳрвандони хориҷӣ аз сӯи Вазорати умури хориҷаи Русия бо тавофуқи Вазорати умури дохилии ин кишвар муқаррар хоҳад шуд.

 

Барчасп