Декабр 15, 2019 19:07 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши қатли занон дар Фаронса

Аз ибтидои соли ҷорӣ то кунун, дастикам 121 зан дар Фаронса тавассути ҳамсар ё шарики зиндагии худ кушта шудаанд.

Ба гузориши Спутник, дар Фаронса як мард ҳамсари худро ба қатл расонид ва сипас ба зиндагии худ поён дод. Бо ин қатл шумори заноне, ки дар Фаронса тавассути ҳамсар ё ҳамсари собиқашон кушта шуданд, ба ҳамон теъдоди соли 2018 расид.

Қурбонии ин ҳодиса 80-сола ва мубтало ба бемории алсгеймер буд. Ҳамсари 83-солаи ин зан дар Изери Фаронса ҳамсарашро ба зарби гулӯла кушт ва сипас бо ҳамон силоҳ худкукшӣ кард.

Бино бар хабаргузории Фаронса, аз ибтидои соли ҷорӣ то кунун, дастикам 121 зан дар Фаронса тавассути ҳамсар ё ҳамсар ва шарики зиндагии собиқи худ кушта шудаанд.

Шумори қурбониёни ин гуна хушунатҳо, ки Вазорати кишвари Фаронса дар соли 2018 сабт карда буд низ ҳамин теъдод аст.

 

Барчасп