Декабр 16, 2019 15:04 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди мақомоти Чин бар густариши сармоягузорӣ дар Қирғизистон ва Тоҷикистон

Мақомоти Чин эълом карданд, ки бо имзои ёддоштҳои тафоҳумӣ дар паи тавсеаи ҳамкории тиҷорӣ ва сармоягузорӣ дар кишварҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон дар Осиёи Миёна ҳастанд.

Ба нақл аз ИРНО, Вазорати бозаргонии Чин бо судури баёнияе эълом кард, Чин ёддоштҳои тафоҳумӣ барои эҷоди коргуруҳҳои ҳамкории саноатӣ ва сармоягузорӣ бо Қирғизистон ва Тоҷикистон имзо кардааст, ки гоми муҳиме барои Чин ба манзури иртиқои сатҳи ҳамкорӣ бо ин ду кишвар аст.

Вазорати бозаргонии Чин  эълом кард, ки бахшҳои идории марбута аз Чин ва кишварҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон, ширкатҳои маҳаллӣ ва утоқакҳои бозаргонӣ ва ниҳодҳои молиро дар ҷиҳати афзоиши мубодилаи иттилоот ва таблиғи прожаҳо дар чорчуби тарҳи пешниҳодии Камарбанд ва ҷоддаи Чин роҳнамоӣ хоҳанд кард.

Равобити тиҷорӣ ва иқтисодии Чин бо Қирғизистон ва Тоҷикистон дар солҳои гузашта натиҷаҳои муфиде дар бар доштааст. Чин бузургтарин манбаи сармоягузорӣ ва бузургтарин шарики тиҷории Қирғизистон аст, ки мубодилоти тиҷории ду кишвар дар соли 2018 5.61 миллиард доллар буд. Чин ҳамчунин бузургтарин сармоягузор дар Тоҷикистон ва севвумин шарики тиҷории бузурги Тоҷикистон аст, ки арзиши мубодилот бо ин кишвар дар соли гузашта 1.51 миллиард доллар буд ва нисбат ба соли пеш аз он 10 дарсад афзоиш дошт.

Дар ҳамин ҳол сафири Чин дар Қирғизистон таъкид кард, ки сафари ахири Раиси ҷумҳури Чин Си Ҷинпин ба Қирғизистон як саҳифаи нави таърихӣ дар равобит ва ҳамкориҳои дуҷониба гушудааст.

Ду Девен сафири Чин дар Қирғизистон ҳамчунин бар ҳамкории ду кишвар дар чорчуби тарҳи Камарбанд ва ҷода таъкид кард ва хостори ташвиқ ва тасҳили иртиботот ва тамосҳо байни мардум ва таъмиқи ҳамкориҳои минтақаӣ шуд. Ду бо баёни ин ки Қирғизистон аз аввалин кишварҳоест, ки аз ин тарҳ ҳимоят кард ва ба иҷрои он пайваст гуфт, итминон дорам, ки иҷрои муштараки тарҳи Камарбанд ва ҷодда яке аз нерӯҳои муҳаррики ҳамкории Чин ва Қирғизистон хоҳад буд.

Ин депломати чинӣ хотирнишон кард, дар солҳои ахир ба лутфи иҷрои тарҳи Камарбанд ва ҷодда меқёси ҳамкории амалӣ байни кишварҳои мо дар ҳоли тавсеа буда ва теъдоди прожаҳои муштараки дар ҳоли иҷро афзоиш ёфтааст.

Барчасп