Роҳёбии теъдоди бесобиқаи мусалмонон ба парлумони Англия
(last modified Mon, 16 Dec 2019 14:56:08 GMT )
Декабр 16, 2019 19:56 Asia/Dushanbe
  • Роҳёбии теъдоди бесобиқаи мусалмонон ба парлумони Англия

Бинобар омори ниҳоии интихоботи ахири Англис, 19 мусалмон ба парлумони ин кишвар роҳ ёфтаанд, ки ин рақам то кунун бесобиқа будааст.

Ба гузориши ИКНА, ин рақам дар муқоиса бо интихоботи соли 2017, ки 15 мусалмон вориди парлумон шуда буданд, беш аз 20 дарсад рушд нишон медиҳад. Аз ин теъдод 15 нафар узви Ҳизби коргар ва бақияи онҳо узви Ҳизби муҳофизакор ҳастанд.

Дар солҳои ахир теъдоди намояндагони мусалмони парлумони Англис рӯ ба афзоиш будааст. Дар соли 2005 танҳо 4 намояндаи мусалмон дар интихобот пирӯз шуданд. Дар соли 2010, 8 мусалмон ва соли 2015 низ 13 мусалмон ба парлумон роҳ ёфтанд.

Дар ҳоли ҳозир 3 дарсад аз 650 намояндаи Парлумони Англия мусалмон ҳастанд, ин дар ҳоле аст, ки мусалмонон 5 дарсад аз ҷамъияти ин кишварро ташкил медиҳанд.

Имсол барои нахустин бор 70 номзади покистонитабор аз сӯи аҳзоби мухталифи Англия вориди корзори интихоботӣ шуда буданд, ки аз ин теъдод 20 нафар номзади Ҳизби муҳофизакор ва 19 нафар номзади Ҳизби коргар буданд.