Декабр 17, 2019 13:17 Asia/Dushanbe
  • Худкушии сарбози австралияӣ пас аз иртикоби ҷинояти ҷангӣ дар Афғонистон

Сарбози австралияӣ пас аз иртикоби ҷинояти ҷангӣ дар Афғонистон худкушӣ кард.

Ба нақл аз ИРНО, Кевин Фрост яке аз садҳо низомии пешини нерӯи дифоии Австралия аст, ки ба далели азоб виҷдон аз ҷиноятҳои ҷангии худ даст ба хушкушӣ задааст.

Ин сарбози 45 сола ҳафтаи гузашта дар наздики хонаи худ дар шаҳри Базелтони Австралия нопадид шуд. Дар охири ҳафтаи хонавода вай таид кард, ки ҷасади ин сарбоз пайдо шуда ва ӯ ба сурати ғамангезе дар гузаштааст. Ҳудуди 500 сарбози австралияӣ пас аз суқути гуруҳи Толибон дар соли 2001 дар вилоятҳои Арзгон мустақар шуданд ва аз соли 2006 то соли 2013 дар онҷо боқӣ монданд.

Дар ин муддат чиҳил сарбози Австралия дар Афғонистон кушта шуданд ва 261 тан низ ҷароҳатҳои сангине бардоштанд. Фрост сарбози артиши Австралия дар соли 2016 ба шабакаи миллии Австралия гуфта буд, ки ба пинҳон кардани қатли як зиндонии афғон тавассути ҳамразмонаш кумак кардааст.

Вай дар бораи вуқуи ин ҳодиса гуфта буд, ба ёд намеоварам, ки ҳамкорам аввал дастбандро аз дасти зиндонӣ боз кард ё ин ки баъд аз партоби тир ба ӯ онро боз кард. Ин танҳо чизест, ки ба ёд намеоварам чун нигоҳ накардам. Сарбози австралияӣ тавзеҳ дода буд, ки намехоста нигоҳ кунад ва замоне, ки сураташро баргардонда дида он фард кушта шудааст. Ба гуфтаи Фрост тир ба пешонии ин зиндонӣ асобат карда буд.

Барчасп