Декабр 17, 2019 17:45 Asia/Dushanbe
  • Дархости Ҷомеаи алмустафо алъоламия барои озодии фаврии Шайх Закзокӣ

Ниҳоди илмӣ ва байналмилалии Ҷомеаи алмустафо алъоламия озодии фаврӣ ва беқайдушарти раҳбари Ҷунбиши исломии Нигерияро хостор шуд.

Ба гузориши ИРНА, Ҷомеаи алмустафо алъоламия дар баёнияе бо маҳкум кардани иқдомҳои ғайриқонунӣ ва ғайриинсонии давлати Нигерия нисбат ба Шайх Иброҳим Закзокӣ, раҳбари Ҷунбиши исломии ин кишвар бар озодии ҳарчи зудтари эшон ва иқдом барои муолиҷаи вай ва ҳамсараш таъкид кард. Дар ин баёния омадааст, бо ҳимояти ҷараёни султа солҳост, ки раҳбари наҳзати исломии мардуми Нигерия дар ҳабсу ҳаср қарор дорад ва ҷамъи зиёде аз пайравону алоқамандони эшон, аз ҷумла теъдоде аз фарзандонаш ба шаҳодат расидаанд. Ҷомеаи алмустафо алъоламия тасреҳ кард, бо таваҷҷуҳ ба вахомати вазъияти ҷисмонии Шайх Закзокӣ ва ҳамсараш интизор меравад, инсонҳои озода дар ҳар ҷойи ҷаҳон ба ин зулми ошкор вокуниш нишон медиҳанд ва дар баробари ин беадолатӣ қиём мекунанд.

Ҷомеаи алмустафо алъоламия як ниҳоди илмӣ ва байналмилалӣ бо ҳувияти ҳавзаӣ аст, ки бо ҳадафи густариши улуми исломӣ ва тарбияти толибилмони ғайриэронӣ ташкил шудааст.

Шайх Иброҳим Закзокӣ, раҳбари Ҷунбиши исломии Нигерия аз чаҳор сол пеш дар пайи ҳамлаи нерӯҳои артиши Нигерия ба ҳусайнияи шаҳри Зария боздошт ва зиндонӣ шуд. Нерӯҳои амниятии Нигерия дар чанд соли гузашта се фарзанди Шайх Закзокиро ба шаҳодат расонданд.

 

Барчасп