Тасвиби таҳримҳои Русия дар Кумитаи равобити хориҷии Сенати Амрико
(last modified Thu, 19 Dec 2019 13:23:12 GMT )
Декабр 19, 2019 18:23 Asia/Dushanbe
  • Тасвиби таҳримҳои Русия дар Кумитаи равобити хориҷии Сенати Амрико

Кумитаи равобити хориҷии Сенати Амрико бо таҳримҳои ҷадиди зидди Русия мувофиқат кард.

Ба гузориши хабаргузории “Синхуа”, Кумитаи равобити хориҷии Сенати Амрико рӯзи чаҳоршанбе бо 17 раъйи мувофиқ дар баробари панҷ раъйи мухолиф ба тарҳи таҳримҳои зидди Русия ба иттиҳоми мудохила дар интихобот, амалиёти сайберӣ ва таъсисоти содироти гази табиии моеъ раъй дод. Як рӯз қабл ҳам Сенати Амрико дар чорчӯби Қонуни муҷаввизи дифои миллӣ-2020 (NDAA) таҳрими лоиҳаи хатти лӯлаи гази Русия ба Олмон мавсум «Норд стрим-2»-ро тасвиб кард.

Равобити Вашингтону Маскав тайи чанд соли ахир ба поинтарин сатҳ расидааст ва ду тараф дар мавриди масоиле аз қабили Украина, Сурия ва контроли таслиҳот бо якдигар ихтилоф доранд. Аз замони илҳоқи шибҳиҷазираи Қрим дар соли 2014 пас аз баргузории ҳамапурсии умумӣ ба хоки Русия Амрико ва Иттиҳоди Аврупо бо ғайриқонунӣ донистани ин бозилҳоқӣ таҳримҳоеро зидди Русия вазъ кардаанд, ки абъоди он ҳар сол густурдатар мешавад.