Декабр 19, 2019 18:52 Asia/Dushanbe
  • Путин: Русия ба таҳримҳои Амрико посух медиҳад

Раисҷумҳури Русия эълом кард, Маскав ба таҳримҳои Амрико дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла дар ҳавзаи энержӣ ва низомӣ посух хоҳад дод.

Ба гузориш хабаргузории “Форс”, Владимир Путин, раисҷумҳури Русия рӯзи панҷшанбе дар конфронси хабарии солиёнаи худ зимни ишора ба буҷаи низомии Амрико, ки таҳримҳои Русияро дар худ гунҷондааст, гуфт, таҳримҳои Амрико бар равобити дуҷониба таъсир мегузорад ва Русия низ посухи мутақобил хоҳад дод. Путин ҳамчунин бар омодагии Маскав барои тамдиди паймони "Старти ҷадид" таъкид кард ва ҳушдор дод, дар сурате, ки “Старти ҷадид” тамдид нашавад, амнияти ҷомеаи ҷаҳонӣ мутазалзил хоҳад шуд.

Раисҷумҳури Русия дар бахше аз конфронси хабарии худ ба иқдоми ахири Маҷлиси намояндагони Амрико дар тасвиби лоиҳаи истезоҳи Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ишора карда гуфт, фароянди истезоҳи Трамп тадовуми низои сиёсии дохилӣ дар Амрикост.

Равобити Маскав ва Вашингтон дар моҳҳои ахир ба шиддат пуртаниш будааст.

Пойбанд набудани Амрико ба муоҳидоти ҳастаӣ ва хурӯҷи Амрико аз Паймони нерӯҳои ҳастаии миёнбурд бо вокуниши мутақобили Русия мувоҷеҳ шуд.

 “Старти ҷадид” Паймони коҳиши таслиҳоти атомии миёни Амрико ва Русия аст, ки аз соли 2011 иҷроӣ шуда ва ба ду тараф ҳафт сол барои коҳиши таслиҳоти худ муҳлат додааст.

Мақомоти амрикоӣ ва рус авоили соли 2019 ройзаниҳоеро дар бораи сарнавишти “Старти ҷадид”, ки ду соли дигар мунқазӣ мешавад, анҷом доданд, аммо Кохи Сафед то кунун посухи мушаххасе барои тамдиди ин паймон надодааст.

 

Барчасп