Сентябр 27, 2016 14:09 Asia/Dushanbe
  • Клинтон барандаи аввалин мунозираи интихоботи Амрико

Натоиҷи ҷадидтарин назарсанҷӣ нишон медиҳад, номзади Ҳизб демократ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико бо фосилае зиёд аз рақиби ҷумҳурихоҳи худ, барандаи нахустин даври мунозираи интихоботӣ будааст.

Ба гузориши шабакаи телевизионии Си Эн Эн, рӯзи сешанбе ва пас аз поёни мунозираи 26-уми сентябр гузориш дод, дар ин назарсанҷӣ Ҳилари Клинтон, номзади Ҳизби демократ бо 62 дарсади оро дар баробари 27 дарсади орои Доналд Трамп, номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳ, барандаи ин мунозира эълом шуд.

Ин назарсанҷии муштараки Си Эн Эн ва муассисаи ORC, аз мухотабоне ки ин мунозираро шоҳид буданд, сурат гирифт.

Бар асоси ин гузориш, 51 дарсад аз мухотабони ин мунозира, Ҳилари Клинтонро дар заминаи мудирияти иқтисод беҳтар аз Трамп бо 47 дарсади оро донистаанд. Дар заминаи сиёсати хориҷӣ низ Ҳилари Клинтон бо 62 дарсади оро дар баробари 35 дарсади орои Доналд Трамп, барандаи ин мунозира эълом шуд.

Дуввумин мунозираи ин ду номзади интихобот якшанбе, нуҳуми октябри соли 2016 дар Донишгоҳи Вашингтон баргузор хоҳад шуд.