Декабр 21, 2019 15:06 Asia/Dushanbe
  •  Эрдуғон ; фишори Саудӣ далели ғайбати Умронхон дар Куала -Лумпур буд

Раиси ҷумҳурии Туркия фишори ҳокимони Саудӣ бар Исломободро далели ширкат накардани нахуствазири Покистон дар иҷлоси Куала - Лумпури 2019 донист.

 

Ба гузориши хабаргузории Анатолий, Раҷаб Тайиб Эрдуғон рӯзи ҷумъа дар поёни иҷлоси сарони кишварҳои исломӣ дар пойтахти Малайзия ба хабарнигорон гуфт ; Ҳикимони оли Сауд Покистонро таҳти фишор гузошт то аз ҳузури Умронхон дар Иҷлоси сарони кишварҳои исломӣ ( Куала - Лумпур 2019 ) пешгирӣ кунад.

Раиси ҷумҳурии Туркия таъкид кард, Риёз таҳдид карда буд дар сурати мушорикати Умронхон дар ин нишаст, супурдаҳои худро аз Бонки марказии Покистон хориҷ хоҳад кард ва ҳамчунин чормиллион покистониро,ки дар Арабистон кор мекунанд низ ихроҷ мекунад.

Эрдуғон хотирнишон кард, Покистон,ки бо буҳрони иқтисодӣ рӯ ба рӯ аст, маҷбур шуд таҳти фишори Риёз, Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ вазири хориҷаи худро ба ин иҷлос бифиристад.

 Иҷлоси сарони кишварҳои исломӣ ( Куала - Лумпур 2019 ) субҳи панҷшанбе бо ҳузури Ҳасани Рӯҳонӣ раиси ҷумҳурии  исломии Эрон ва сарони кишварҳои Малайзия, Туркия ва Қаттар ва садҳо тан аз шахсиятҳои муҳими кишварҳои исломӣ дар  Куала - Лумпур пойтахти Малайзия оғоз шуд.

Коршиносони сиёсӣ мегуянд ; даъват нашудани Арабистон ва Иморот аз суи Моҳотир Муҳаммад нахуствазири Малайзия, далели аслии норизоятӣ аз ҳокимони оли Сауд аст.