Шумори куштаҳои эътирозот дар Ҳинд ба 17 тан расид
Бо идома ёфтани эътирозҳо ба тасвиби қонуне алайҳи мусулмонон дар Ҳинд шумори кушташудагони даргирӣ бо полис ба 17 нафар расид.
Ба нақл аз хабаргузории Форс, бо кушта шудани се тани дигар дар тазоҳуроти рӯзи шанбе дар Ҳинд шумори кушта шудагони ин эътирозот ба 17 нафар расид.
Бо идома ёфтани эътирозҳо ҳамчунон ҳукумати низомӣ побарҷост ва интернет барои муқобила бо муътаризони мусулмон қатъ шудааст.
Наренда Мудӣ нахуст вазири Ҳинд имрӯз аз тамоми аъзои Шурои вазирон хост то бо ҳузур дар ҷаласае изтирорӣ вазъияти амниятӣ дар ин кишварро баррасӣ кунанд.
Бо вуҷуди иқдомоти давлати Ҳинд барои ором кардани эътирозот, сарони ташаккулҳои муътариз аз ҷумла ҷунбишҳои донишҷӯӣ, гуруҳҳои ҳомии ҳуқуқи башар ва ҷунбишҳои исломӣ эълом кардаанд, то лағви қонуни ҷанҷолии шаҳрвандӣ ба тазоҳурот идома медиҳанд.
Қонуни шаҳрвандии Ҳинд, ки 10 рӯзи пеш тасвиб шуд марбут ба эътои ҳуқуқи шаҳрвандӣ ба ақалиятҳои ғайримусулмон аз кишварҳои Бангладеш, Покистон ва Афғонистон аст, ки пеш аз соли 2015 вориди Ҳинд шудаанд.
Ин лоиҳа акнун пас аз тасвиб дар ҳоли изофа шудан ба қонуни асосии Ҳинд аст.
Бисёре аз муътаризон ба ин қонун мусулмонони Ҳиндӣ ҳастанд зеро дар солҳои ахир ин ҷамъият ба таври густарда озору азият шудаанд ва гуруҳҳои тундрави ҳинду чандин шаҳрванди мусулмонро ба иттиҳомҳои собитнашуда ба қатл расондаанд.
Ин лоиҳа амалан мусулмонони Ҳиндро осибпазиртар аз қабл мекунад.
Бо вуҷуди эътирозҳои густарда ва кушта шудани шуморе аз шаҳрвандон, давлати Ҳинд эълом карда ғайримумкин аст қонуни шаҳрвандии Ҳинд бекор шавад.