Мамнуияти 8 моҳаи парвоз аз Русия ба Туркия лағв шуд
Парвозҳои мусофирбарӣ аз Русия ба Туркия, ки аз 8 моҳи пеш то кунун дар пайи иқдоми як ҷангандаи туркӣ дар сарнагунии бомбафкани "Сухой 24" -и русӣ бар фарози Сурия мамнуъ шуда буд, имрӯз ба ҳолати оддӣ баргашт.
Ҳашт моҳ пас аз қатъи парвозҳои мусофирбарӣ миёни Русия ва Туркия, ширкатҳои ҳавопаймоии Русия фаъолияти худро дар фурӯши билет ва парвоз ба шаҳрҳои мухталифи Туркия имрӯз (ҷумъа) оғоз карданд.
Ба гузориши ИРНА, парвоз аз Русия ба Туркия аз 8 моҳи пеш то кунун дар пайи иқдоми як ҷангандаи туркӣ дар сарнагунии бомбафкани русии "Сухой 24" бар фарози Сурия мамнуъ шуда буд.
Бинобар эъломи Созмони ҳавопаймоии Русия, мақомоти масъул дар давлати Туркия итминон додаанд, ки тамомии тадобири лозим барои таъмини эминии парвозҳо дар фурӯдгоҳҳо иҷро мешавад.
Шабакаи дуввуми телевизиони давлатии Русия низ эълом кард, ки Вазорати нақлиёти ин кишвар барномаи оддӣ шудани парвозҳои мусофирбарӣ ба Туркияро таъйид кардааст.
Пеш аз кудатои шикастхурдаи ҷумъаи гузаштаи Туркия низ чанд парвози мусофирбарӣ аз Русия ба мақсади Туркия анҷом шуд, ки билофосила барои ҷилавгирӣ аз осеб дидани гардишгарони рус дар ҷараёни танишҳои сиёсӣ ва низомӣ, дастури манъи таваққуфи парвозҳо содир ва амалиёти наҷоти мусофирони гирифтор дар Туркия бо эъзоми ҳавопаймоҳои холӣ иҷро шуд.
Моҳи гузашта бо ирсоли номаи узрхоҳии Раҷаб Тайиб Урдуғон, раисҷумҳури Туркия ба Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия, барои тарконидани бомбафкани "Сухой 24" ҳашт моҳ таҳримҳои Маскав алайҳи Анкара, аз ҷумла мамнуияти сафари гардишгарони рус лағв шуд.